Маълумот дар бораи лоиҳа
Маълумот дар бораи лоиҳаи “Qlever”
Платформа дар доираи лоиҳаи BRYCA "Бунёди муқовимат ба таъсири суханони ғайриқонунии нафратангез ва иттилооти бардурӯғ дар интернет ва ВАО-и иҷтимоӣ дар ҷавонони Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, таҳия карда шудааст.
Идоракунии платформа бо иштироки ташкилотҳои ғайритиҷоратии шарики лоиҳаи BRYCA: MediaNet дар ҳудуди Қазоқистон, ФҶ “Маркази дастгирии ВАО” дар ҳудуди Қирғизистон, ТҶ “Гурдофарид” дар ҳудуди Тоҷикистон ва Маркази рушди рӯзноманигории муосири Ҷумҳурии Ӯзбекистон идора карда мешавад.
Платформаи Qlever (минбаъд платформа) ин як портали шабакавии таълимӣ ва фароғатӣ барои васоилҳои рақамӣ дар заминаи системаи амалиётии Android буда, аз ҷумла дорои вебсомонаи www.qlever.asia, ки бо истифода аз браузерҳои Chrome, Mozilla Firefoх, Microsoft Edge, Safari, Opera дастрас карда мешавад.
Ҳадафи Qlever ин ҳавасманд гардонидани ҷавонони осебпазир дар ноҳияҳои дурдасти кишварҳои Қирғизистон (аз 12 то 35-сола), Қазоқистон (аз 12 то 35-сола), Тоҷикистон (аз 12 то 35-сола), Ӯзбекистон (аз 18 то 35-сола) буда, ба онхо имконияти иштирок дар бозиҳои таълимии мобилӣ ва шабакавии платформа медихад, ки он тафаккури интиқодиро ташаккул медиҳанд ва ба маълумоти нодуруст ва таблиғи суханони нафратангез ва ғайриқонуни муқовимат бунёд мекунанд.
Дар ҳар як кишвар барои муайян кардани масъалаҳои марбут, ки дар рафти таҳияи бозиҳои таълимӣ истифода мешаванд, барномаи мониторинги ВАО (аз ҷумла фазои интернетӣ) амалӣ карда мешавад. Ин мониторинг намунаҳои воқеии суханронии нафратангез, тақаллубкорӣ, сӯиистифода, таҷассумнамоиро ошкор мекунад, ки метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: истифодаи нодурусти далелҳо, изҳороти бардурӯғ, иқтибосҳои бардурӯғ, суиистифодаи тасвирҳо/ видео/ маълумотро дарбар гирад.
Истифода аз ин намунаҳо ва натиҷаҳои мониторинг дар рафти коркарди бозиҳо танҳо бо мақсадҳои таълимӣ амалӣ мегардад ва истифодаи онҳо бо мақсадҳои дигар, бар хилофи қонунҳои кишвари маҳаллӣ зимнан дар назар дошта нашудааст.
Дар доираи лоиҳа, дар платформа бозиҳо бо унсурҳои таълимотӣ оиди саводи расонаӣ ва иттилоотӣ бо дарҷ кардани мундариҷаи таълимӣ ва маводҳои хабарию иттилоотӣ ва ғайра таҳия ва ҷойгир карда мешаванд.
Истифодаи платформа ройгон буда, аз истифодабарандагон маблағгузорӣ ё дигар талаботҳои моддӣ пурсида намешавад. Хизматрасонӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода намешавад ва ҳамчун хизматрасонии тиҷоратӣ пешниҳод карда намешавад.
Истифодабарандаи ваколатдор ба ҳама амалиет ва ҷузъҳои платформа дастрасӣ дорад. Барои дастрасии пурра истифодабаранда бояд аз қайд гузарад. Пеш аз сабти ном, истифодабаранда бояд шартҳои Созишномаи истифодабарӣ ва сиёсати махфиятро хонад ва шартҳояшро қабул кунад.
Маълумоти бештарро дар бораи лоиҳа дар саҳифаи расмии BRYCA пайдо кардан мумкин аст ё барои маълумоти иловагӣ, бо тамосҳои зерин дар алоқа бошед:
Қазоқистон:
Email: info@medianet.kz
Телефон:+7 727 292 20 46
Қирғизстон:
Email: urmаt.msc@gmail.com
Телефон: +(996) 707 08-20-09
Тоҷикистон:
Email: qlever.tj@gmail.com
Telegram: +992925558484
Ӯзбекистон:
Email: uzb.qlever.game@gmail.com
Телефон: +998 (99) 780-04-45 (телеграм)